۞ يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلْخَمْرِ وَٱلْمَيْسِرِ ۖ قُلْ فِيهِمَآ إِثْمٌۭ كَبِيرٌۭ وَمَنَٰفِعُ لِلنَّاسِ وَإِثْمُهُمَآ أَكْبَرُ مِن نَّفْعِهِمَا ۗ وَيَسْـَٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَ قُلِ ٱلْعَفْوَ ۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلْءَايَٰتِ لَعَلَّكُمْ تَتَفَكَّرُونَ ﴿٢١٩﴾
Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду гуноҳе бузург ва нафъҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед.