Tajik

Surah As-Sharh ( The Opening Forth) - Aya count 8
Share
Оё синаатро бароят накушодем?
Ва бори гаронатро аз пуштат барнадоштем?
Боре, ки бар пушти ту сангинӣ мекард?
Оё туро баландовоза насохтем?
Пас аз паи душворӣ осонист!
Албатта аз паи душворӣ осонист.
Чун аз кор фориғ шавӣ, ба ибодат кӯш
ва ба Парвардигорат рағбат намо!