Tajik

Surah Ash-Shams ( The Sun ) - Aya count 15
Share
Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд
ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад
ва савганд ба осмону он ки онро бино карда
ва савганд ба замину он ки онро бигустурда
ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,
сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,
ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт
ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард.
Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.
Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.
Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!
Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.
Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.