Tajik

Surah Al-A'la ( The Most High ) - Aya count 19
Share
Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун,
он ки офарид ва дурустандом кард,
Ва он ки андоза муъайян кард. Сипас роҳ намуд.
Ва он ки чарогоҳҳоро рӯёнид,
сипас хушку сиёҳ гардонид.
Ба зудӣ барои ту бихонем, мабод, ки фаромӯш кунӣ.
ғайри он чи Худо бихоҳад. Ӯст, ки ошкорову ниҳонро медонад.
Ва туро ба дини осон тавфиқ диҳем.
Агар панд, доданат суд кунад, панд деҳ.
Он ки метарсад, панд мегирад.
Ва бадбахт аз он дурӣ мегирад,
он ки ба оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад
ва дар он ҷо на бимирад ва на зинда бошад.
Албатта покон наҷот ёфтанд,
онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд.
Оре, шумо зиндагии ин ҷаҳонро ихтиёр мекунед,
ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст.
Ин сухан дар саҳифаҳои нахустин аст,
саҳифаҳои Иброҳиму Мӯсо!