Tajik

Surah At-Tariq ( The Night-Comer ) - Aya count 17
Share
Савганд ба осмону ба он чӣ дар шаб ояд!
Ва ту чӣ донӣ, ки он чӣ дар шаб ояд, чист?
Ситораест дурахшанда.
Ҳеҷ кас нест, кӣ бар ӯ нигаҳбоне набошад.
Пас одамӣ бингарад, ки аз чӣ чиз офариша шудааст.
Аз обе ҷаҳанда офарида шудааст,
Худо ба бозгардонидани ӯ тавоност,
рӯзе, ки розҳо (сирҳо) ошкор мешаванд.
Қасам ба осмони бозборанда!
Қасам ба замини руёни шикофхӯрда, (барои гиёҳ)
ки ин китоб ҳақро аз ботил ҷудо кунад,
ва сухани ҳазл нест!
ва Ман ҳам ҳилае меандешам.
Пас кофиронро мӯҳлат деҳ андак мӯҳлаташон деҳ!