Tajik

Surah Al-Mursalat ( Those sent forth ) - Aya count 50
Share
Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
ва савганд ба бодҳои бороновар
ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,
дафъ кардани узрро ё бим карданро,
ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
ва он гоҳ ки осмон бишикофад,
ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.
Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?
Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)!
Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем?
Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем?
Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,
Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем!
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
барои зиндагону мурдагон?
Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.
Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед,
ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад,
Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим,
гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.
Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.
Пас агар ҳилае доред, ба кор баред.
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,
бо ҳар мевае, ки орзу кунанд,
Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод,
Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед,
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд).
Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?