Tajik

Surah Al-Maidah ( The Table spread with Food ) - Aya count 120
Share
Эй касоне, ки имон овардаед, ба паймонҳо вафо кунед. Ҳайвоноти чаҳорпо, ғайри онҳое, ки аз ин пас бароятон гуфта мешавад, бар шумо ҳалол шудаанд ва он чиро, ки дар ҳоли эҳром сайд мекунед, ҳалол нашуморед. Худо ба ҳар чӣ мехоҳад, ҳукм мекунад!
Эй касоне, ки имон овардаед, шиорҳои Худо ва моҳи ҳарому қурбониро чӣ холӣ аз қилода ва чӣ бо қилода (гарданбанд) ҳурмат нашканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон нияти байтулҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун аз эҳром берун омадед, сайд кунед ва бадбинӣ бо қавме, ки шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ кунед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худой битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.
Ҳаром шуд бар шумо мурда ва хун ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Оллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ хафа шуда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё ба шохи ҳайвоне дигар бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, ғайри он ки забҳаш кунед. Ва низ ҳар чӣ бар пои бутон забҳ шавад ва он чӣ ба воситаи тирҳои қимор қисмат кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва исломро дини шумо баргузидам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ бечора монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад, бидонад, ки Худа омурзанда ва меҳрубон аст!
Аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст. Бигӯ: «Чизҳои покиза бар шумо ҳалол шуда ва низ хӯрдани сайди он ҳайвон, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун паррандагони шикорӣ ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он сон, ки Худоятон омӯхтааст, таълим дода бошед. Аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Худоро бар он бихонед ва аз Худо битарсед, ки Ӯ зудҳисобкунанда аст!
Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ занони солеҳи мӯъмина ва занони солеҳи аҳли китоб ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, ба таври заношӯӣ на зинокорӣ ва дӯстгирӣ бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба ислом кофир шавад, амалаш ночиз шавад ва дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд.
Эй касоне, ки имон овардаед, чун ба намоз бархостед, рӯйҳову дастҳоятонро то оринч бишӯед ва сари худро масҳ кашед, поҳоятонро то қузак (буҷулак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз ҷои қазои хоҷат омада будед, ё бо занон наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва сурату дастҳоятонро бо он маҳе кунед. Худо намехоҳад шумо дар ранҷ афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад ва неъматашро бар шумо комил кунад, бошад, ки шукр кунед!
Неъматеро, ки Худо ба шумо додааст ва паймонеро, ки ба шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем ва фармонбардорӣ кардем, ёд оваред. Ва аз Худо битарсед, ки Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!
Эй касоне, ки имон овардаед, барои Худо, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Бадбинӣ бо гурӯҳе дигар водоратон накунад, ки адолат накунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Худо ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ваъдаи омурзиш ва музде бузург додааст.
Ва онон, ки кофир шудаанд ва оёти моро дурӯғ баровардаанд, аҳли ҷаҳаннаманд.
Эй касоке, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он гоҳ ки гурӯҳе қасди он карданд, то бар шумо даст ёзанд, ва Худо дасти ононро аз шумо кӯтоҳ кард. Аз Худо битарсед. Ва мӯъминон бар Худо таваккал мекунанд.
Худованд аз банӣ-Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ нақиб ҷудо кардем. Ва Худо гуфт: «Агар намоз бихонед ва закот бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Худо қарзи нек бидиҳед, ман бо шумоям. Бадиҳоятонро мезудоям ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он наҳрҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст».
Ва аҳли китоб, ҷуз андаке аз онҳо, чун паймонашонро шикастанд, лаънаташон кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз маънии худ тағйир месозанд ва аз он панд, ки ба онҳо дода шуда буд, насиби хеш фаромӯш кардаанд ва ҳамеша аз корҳои хоинонаашон огоҳ мешавӣ. Афвашон кун ва аз гуноҳашон даргузар, ки Худо некӯкоронро дӯст медорад.
Ва аз касоне, ки гуфтанд, ки мо насронӣ ҳастем, паймон гирифтем. Пас қисмате аз пандҳоеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва Мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинаву душманӣ афкандем. Ба зуди Худо ононро аз корҳое, ки мекунанд, огоҳ хоҳад сохт!
Эй аҳли китоб, паёмбари Мо назди шумо омад, то бисёре аз китоби Худоро, ки пинҳон медоштед, бароятон баён кунад ва аз бисёре даргузарад ва аз ҷониби Худо нуре ва китобе зоҳиру ошкор бар шумо нозил шудааст.
То Худо бо он ҳар касро, ки дар паи хушнудии ӯст, ба роҳҳои саломат ҳидоят кунад ва ба фармони худ аз торикӣ ба рӯшноияшон бубарад ва ононро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Онҳо, ки гуфтаид, ки Худо ҳамон Масеҳ —писари Марям аст, кофир шуданд. Бигӯй: «Чӣ касе метавонад азоби Худоро дафъ кунад, агар ирода кунад, Масеҳ — писари Марям ва модараш ва ҳамаи аҳли заминро ба ҳалокат расонад?» Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ мобайни онҳост. Он чӣ мехоҳад, меофаринад ва ба ҳар чиз тавоност!
Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо фарзандону дӯстони Худо ҳастем. Бигӯй: «Пас чаро шуморо ба ҷазои гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад, мебахшад ва ҳар касро, ки бихоҳад, азоб мекунад ва аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгаштн ҳама ба назди Ӯст.
Эй аҳли китоб, фиристодаи Мо дар замоне, ки паёмбароне набуданд, фирпстода шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ва бимдиҳанда омадааст ва Худо бар ҳар чиз тавоност!
Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, ки аз миёни шумо паёмбароне ихтиёр кард ва шуморо соҳибони ихтиёри хеш гардонид ва ба шумо чизҳое дод, ки ба ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон ато накардааст.
Эй қавми ман, ба замини муқаддасе, ки Худо бароятон муқаррар кардааст, дохил шавед ва бозпас магардед, ки зиёндида бозмегардед».
Гуфтанд; «Эй Мӯсо, дар он ҷо мардуме пурзӯранд ва мо ба он сарзамин дарнаёем, то он гоҳ, ки он пурзӯрон берун шаванд. Агар онҳо аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем».
Ду мард аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Худо неъматашон ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онҳо дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд, Ва бар Худо таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед!»
Гуфтанд; «Эй Мӯсо, то вақте ки пурзӯрҳо дар он ҷоянд, ҳаргиз бад-он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу ҷиҳод кунед».
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман танҳо молики нафси худ ва бародарам ҳастам. Миёни ман ва ин мардуми нофармон ҷудоӣ бияндоз».
Худо гуфт: «Вуруд ба он сарзамин ба муддати чиҳил сол барояшон ҳаром шуд ва дар он биёбон саргардон хоҳанд монд. Пас барои ин нофармонон андӯҳгин мабош!»
Ва достони ростини ду писари Одамро барояшон бихон, он гоҳ ки қурбоние карданд. Аз якешон пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. Гуфт: «Туро мекушам». Гуфт; «Худо қурбонии парҳезгоронро мепазирад.
Агар ту бар ман даст кушоӣ, ки маро бикушӣ, ман бар ту даст накушоям, ки туро бикушам. Ман аз Худо, ки Парвардигори ҷахониён аст, метарсам.
Мехоҳам, ки ҳам гуноҳи маро ба гардан гирӣ ва ҳам гуноҳи худро, то аз дӯзахиён гардӣ, ки ин аст ҷазои ситамкорон».
Нафсаш ӯро ба куштани бародар тарғиб кард ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон гардид.
Худо зоғеро фиристод то заминро бикобад ва ба ӯ биёмузад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худ пинҳон созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам». Ва дар зумраи пушаймонон даромад.
Аз ин рӯ бар банӣ-Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва албатта паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд.
Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, он аст, ки кушта шаванд ё бар дор гарданд ё дастҳову поҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Инҳо расвоияшон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азобе бузург гирифтор оянд.
Ғайри касоне, ки пеш аз он ки шумо бар онҳо даст ёбед, тавба кунанд. Пас бидонед, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба Ӯ қарибӣ ҷӯед ва дар роҳаш чиҳод кунед. Шояд, ки наҷот ёбед!
Онҳое, ки кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд!
Мехоҳанд, ки аз оташ берун оянд, дар ҳоле ки берун нахоҳанд шуд ва азобашон поянда аст.
Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Худо, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!
Ҳар кас пас аз кирдори нописандаш тавба кунад ва ба салоҳ ояд, Худо тавбаи ӯро мепазирад, ки Ӯ омурзанда ва меҳрубон аст!
Оё надонистаӣ, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ка ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва бар ҳар коре тавоност?
Эй паёмбар, ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чӣ онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чӣ он яҳудон, ки гӯш меандозанд, то дурӯғ банданд ва барои гурӯҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекуканд ва сухани Худоро дигаргун месозанд ва мегӯянд: «Агар шуморо инчунин гуфт, бипазиред вагарна аз вай дурӣ бикунед!» Ва ҳар касро, ки Худо азоб кардан хоҳад, ту аз қаҳри Худо раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо нахостааст, ки дилҳояшонро пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!
Шунавандагони дурӯғанд, хӯрандагони ҳароманд. Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рӯйгардон шав ва агар рӯйгардон шавӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки Худо адолатпешагонро дӯст дорад.
Чӣ гуна туро ҳоким қарор медиҳанд, дар ҳоле ки Таврот, ки дарбаргирандаи ҳукми Худост, дар назди онҳост? Сипас аз ҳукми ту рӯйгардон мешаванд ва онҳо имон наёвардаанд.
Мо Тавротро, ки дар он ҳидоят ва рӯшноист, нозил кардем. Паёмбароне, ки таслими фармон буданд, мувофиқи он барон яҳуд ҳукм карданд ва низ худошиносону донишмандон, ки ба ҳифзи китоби Худо маъмур буданд ва бар он гувоҳӣ доданд, пас аз мардум натарсед, аз Ман битарсед ва оёти маро ба баҳои андак мафурӯшед. Ва ҳар кӣ мувофиқи оёте, ки Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст.
Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз ситамкорон аст.
Ва аз паи онҳо Исо — писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки тасдиқкунандаи Таврот пеш аз ӯ буд, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва рӯшноие бувад ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панде.
Ва бояд, ки аҳли Инҷил мувофиқи он чӣ Худо дар он китоб нозил кардааст, ҳукм кунанд. Зеро ҳар кас ба он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз нофармонон аст.
Ва ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кард ем; тасдиқкунанда ва ҳоким бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Пас мувофиқи он чӣ Худо нозил кардааст, дар миёнашон ҳукм кун ва аз паи хоҳишҳояшон марав, то он чиро аз ҳақ бар ту нозил шудааст, тарк кунӣ. Барон ҳар гурӯҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон. Пас дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Ҳамагӣ бозгаштатон ба Худост, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад.
Миёнашон мувофиқи он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостҳошон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Худо бар ту нозил кардааст, рӯй гардонӣ. Ва агар рӯйгардон шуданд бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба ҷазои баъзе гуноҳонашон уқубат кунад ва албатта бисёре аз мардум нофармонанд.
Оё ҳукми ҷоҳилиятро меҷӯянд? Барои он мардуме, ки аҳли яқин ҳастанд, чӣ ҳукме аз ҳукми Худо беҳтар аст?
Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред. Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар кас аз шумо, ки онҳоро дӯст гирад, аз ҷумлаи онҳост. Ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
Онҳоеро, ки дар дил маразе доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбаташон мешитобанд, мегӯянд: «Метарсем, ки ба мо осебе расад». Аммо шояд, ки Худо пирӯзие падид орад ё коре кунад, он гоҳ аз он чӣ дар дил ниҳон дошта буданд, пушаймон шаванд.
Онҳо, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Оё инҳо ҳамон касонанд, ки ба Худо савгандҳои сахт мехӯрданд, ки бо шумо хоҳанд буд?». Амалҳояшон ботил гардид ва худ дар ҷумлаи зиёнкорон даромаданд.
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар кӣ аз шумо аз динаш бозгардад, чӣ бок; ба зудӣ Худо мардумеро биёварад, ки дӯсташон бидорад ва дӯсташ бидоранд. Дар баробари мӯъминон хоксоранд ва дар баробари кофирон саркаш; дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз маломати ҳеҷ маломатгаре намеҳаросанд. Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас, ки хоҳад медиҳад. ва Худованд бахшояндаву доност!
Фақат ва фақат дӯсти шумо Худост ва расули Ӯ ва мӯъминоне, ки намоз мехонанд ва ҳамчунон, ки дар рукӯъанд, садақа мекунанд,
Ва ҳар кӣ Худо ва паёмбари Ӯ ва мӯъминонро дӯсти худ бигирад, бидонад, ки пирӯзмандон гурӯҳи Худованданд.
Ва чун бонги намоз кунед, онро ба масхараву бозича гиранд, зеро мардуме ҳастанд, ки намеандешанд.
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, оё моро сарзаниш мекунед? Ба он сабаб, ки мо ба Худо ва он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ пеш аз ин нозил шудааст, имон овардаем ва шумо бештарин нофармон ҳастед?»
Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Худо ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам: Касоне, ки Худояшон лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро бӯзинаву хук гардонидааст ва худ бут парастидаанд? Инҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаранд.
Ва чун назди шумо омаданд, гуфтанд, ки имон овардем ва ҳол он ки бо куфр дохил шуданд ва бо куфр хориҷ гаштанд ва Худо ба он чӣ пинҳон медоранд, огоҳтар аст!
Мебинӣ бисёре аз онҳоро, ки ба гуноҳу таҷовуз ва ҳаромхорагӣ мешитобанд. Чӣ бад корҳое мекарданд!
З Барои чӣ худопарастону донишмандон ононро аз гуфтори бад ва ҳаромхорагӣ бознамедоранд. Чӣ бад аст корҳое, ки мекарданд!
Яҳуд гуфтанд, ки дасти Худо баста аст. Дастҳои худашон баста бод? Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Дастҳои Худо кушода аст. Ба ҳар навъе, кн бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманнву кина андохтаем. Ҳар гоҳ ки оташи ҷангро афрӯхтанд, Худо хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Худо фасодкоронро дӯст надорад.
Агар аҳли китоб имон биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд, гуноҳонашон хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард.
Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бисёрашон бадкирдоранд.
Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад.
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо ҳеҷ нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештаринашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош.
Албатта аз миёни онон, ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион ва насоро, — ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, — биме бар ӯ нест ва ғамгин намешавад.
Мо аз банӣ-Исроил паймон гирифтем ва паёмбароне барояшон фиристодем. Ҳар гоҳ ки паёмбаре чизе мегуфт, ки бо хоҳиши дилашон мувофиқ набуд, гурӯҳеро дурӯғ мебароварданд ва гурӯҳеро мекуштанд.
Ва пиндоштанд, ки уқубате нахоҳад буд. Пас кӯру кар шуданд. Он гоҳ Худо тавбаашон қабул кард. Боз бисёре аз онҳо кӯру кар шуданд. Ҳар чӣ мекунанд, Худо мебинад.
Бе шубҳа онҳое, ки гуфтанд, ки Худо ҳамон Масеҳ-Писари Марям аст, кофир шуданд. Масеҳ гуфт: «Эй банӣ-Исроил, Оллоҳ --- Парвардигори ман ва Парвардигори худро бипарастед». Зеро ҳар кас, ки барои Худованд шарике қарор диҳад, Худо биҳиштро бар ӯ ҳаром куна два ҷойгоҳи ӯ оташ аст ва ситамкорон ёваре нест.
Онон, ки гуфтанд: «Оллоҳ саввумини се аст», кофир шуданд. Дар ҳоле ки ҳеҷ Худое ҷуз Оллоҳ нест. Агар аз он чӣ мегӯянд бознаистанд, ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид.
Оё ба даргоҳи Худо тавба намекунанд ва аз Ӯ бахшиш намехоҳанд? Худо бахшоянда ва меҳрубон аст!
Масеҳ- писари Марям фақат паёмбаре буд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зане ростгӯй буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем. Сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд.
Бигӯ: «Оё ғайри Оллоҳ худои дигареро, ки барои шумо ҳеҷ суду зиёне надорад, мепарастед ва ҳол он, ки Оллоҳ шунаво ва доност?».
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулувв макунед ва ба хоҳишҳои он мардуме, ки аз пеш гумроҳ шуда буданд ва бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
Аз банӣ-Исроил онон, ки кофир шуданд, ба забони Довуд Ва Исо бинни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат ҷазои исён ва таҷовузашон буд.
Аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро манъ намекарданд ва албатта бадкорӣ мекарданд.
Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ меварзанд. Ба даст он чӣ пешопеш барои худ фиристоданд. Хашми Худо бар онҳост ва дар азоби ҷовидонаанд.
Агар ба Худо ва паёмбар ва он чӣ бар ӯ нозил шуда, имон оварда буданд, кофиронро ба дӯсти намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд.
Душмантарин мардум нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, яҳуд ва мушриконро меёби ва меҳрубонтарин касон нисбат ба онон, ки имон овардаанд, касокеро меёбӣ, ки мегӯянд: «Мо насронӣ ҳастем». Зеро баъзе аз онҳо донишмандону обидон ҳастанд ва онҳо сарварӣ намеҷӯянд.
Чун он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, ва ҳақикатро дарёбанд, чашмонашон пур аз ашк мешавад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи шаҳодатдиҳандагон бинавис.
Чаро ба Худо ва ин дини ҳақ ки бар мо нозил шудааст, имон наёварем ва тамаъ накунем, дар ин, ки Парвардигори мо моро дар шумори солеҳон оварад?»
Ба подоши ин сухан, ки гуфтанд, Худо ононро, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо равон аст, подош дод. Дар он ҷовидонанд ва ин аст подоши некӯкорон.
Ва онон, ки кофирӣ карданд ва оёти моро дурӯғ бароварданд, аҳли ҷаҳаннаманд.
Эй касоне, ки имон овардаед, чизҳои покизаеро, ки Худо бар шумо ҳалол кардааст, ҳаром макунед ва аз ҳад дарнагузаред, ки Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад.
Аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Худое, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед.
Худованд шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост нахоҳад кард. Вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад ва ҷаримаи он таъоми даҳ мискин аст аз ғизои миёкае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯпиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед. Ба қасамҳои худ вафо кунед. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед.
Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор а бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо палидӣ ва кори шайтон аст, аз он парҳез кунед то наҷот ёбед!
Худову паёмбарашро итоъат кунед ва ҳазар кунед. Агар рӯйгардон шавед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо расонидани паёми равшани Худованд аст!
Бар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ куканд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва некӣ, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад.
Эй касоне, ки имон овардаед, Худо шуморо ба сайде, ки ба даст мегиред ё ба найза шикор мекунед, меозмояд, то бидонад чӣ касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Ва ҳар кӣ аз ин пас аз ҳад таҷовуз кунад, ӯрост азобе дардовар.
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар эҳром бошед, шикорро макушед. Ҳар кӣ сайдро қасдан бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, ба шарти он ки ду одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба ҷарима дарвешонро таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, Худо афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он боз гардад, Худо аз ӯ интиқом мегирад, ки Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст!
Шикори дарёӣ ва хӯрдани он ба ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шуда аст. Ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар эҳром ҳастед, бар шумо ҳадом шуда. Аз Худованде, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед!
Худо Каъба, байтулҳаромро бо моҳи ҳаром ва қурбонии беқилода ва қурбонии боқилода қивоми кори мардум гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чӣро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст.
Бидонед, ки уқубати Худо сахт аст ва ҳам Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!
Бар паёмбар ғайри расонидани паем вазифае нест. Ва он чиро, ки ошкор месозед ё пинҳон медоред, Худо медонад!
Бигӯ: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». Пас, эй хирадмандон, аз Худой битарсед, бошад, ки наҷот ёбед!
Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳое, ки чун барои шумо ошкор шаванд, андӯҳгинатон мекунаид, напурсед. Ва агар суол аз онҳоро вогузоред, то ба ҳангоми нузули Қуръон бароятон ошкор хоҳад шуд. Худо аз онҳо афв кардааст, ки омурзандаву бурдбор аст.
Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва ба он сабаб кофир шуданд.
Худованд дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ ҳукме накарда аст, вале кофирон бар Худо дурӯғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд.
Ва чун ба онҳо гӯянд, ки ба он чӣ Худо нозил кардааст ва ба паёмбар рӯй оваред, гӯянд: «Он дине, ки падарони худро ба он мӯътақид ёфтаем, моро бас аст». Ҳатто агар падаронашон ҳеҷ намедонистаанд ва роҳи ҳидоят наёфта будаанд?
Эй касоне, ки имон овардаед, ба худ пардозед. Агар шумо ҳидоят ёфтаед, онон, ки гумроҳ мондаанд, ба шумо зиёне нарасонанд. Бозгашти ҳамаи шумо назди Худост, то шуморо ба он корҳо, ки мекардаед, огоҳ гардонад.
Эй касоне, ки имон овардаед, чун маргатон фаро расад, ба ҳангоми васият ду одилро аз миёни худатон ба шоҳидӣ гиред ё аз ғайри худатон, ҳар гоҳ, ки дар сафар будед ва маргатон фаро расид. Агар аз он ду дар шак будед, нигоҳашон доред то баъд аз намоз, он гоҳ ба Худо савганд хӯранд, ки ин шаҳодатро ба ҳеҷ қимате дигаргун накунем, ҳарчанд ба нафъи хешовандамон бошад ва онро рӯпуш накунем, агар ҷуз ин бошад, аз гунаҳгоронем.
Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шудаанд, ду шоҳидӣ дигар, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Худо қасам хӯранд, ки шоҳидии мо аз шоҳидии он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ таҷовуз накунем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.
Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар ваҷҳи худ адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
Рӯзе, ки Худо паёмбаронро гирд орад ва бипурсад, ки даъвати шуморо чӣ гуна посӯх доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест, ки доно ба ғайб Ту ҳастӣ».
Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат ато намудаам, ёд кун. Он замон, ки ба рӯҳулқудус ёриат кардам, то ту чӣ дар гаҳвора ва чӣ дар бузургсолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам. Ва он гоҳ ки ба амри Ман аз гил чизе чун парранда сохтӣ ва дар он дамидӣ ва ба амри Ман паррандае шуд ва кӯри модарзоду песӣ гирифтаро ба фармони Ман шифо додӣ ва мурдагонро ба фармони Ман зинда берун овардӣ ва чун бо ин далоили равшан назди банӣ-Исроил омадӣ, Ман ононро аз осеб расондан ба ту боздоштам ва аз миёнашон касоне, ки кофир буданд, гуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!»
Ва ба ҳавориён ваҳй кардам: «Ба Ман ва ба паёмбари Ман имон биёваред». Гуфтанд: «Имон овардем, гувоҳ бош, ки мо таслим ҳастем!»
Ва ҳавориён пурсиданд: «Эй Исо бинни Марям, оё Парварднгори ту метавонад, ки барои мо аз осмон моидае фиристад?» Гуфт; Агар имон овардаед, аз Худо битарсед».
Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихӯрем, то дилҳоямон ором гирад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шоҳидӣ диҳем».
Исо бинни Марям гуфт: «Бор Худое, эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз оомон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ».
Худо гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам».
Ва он гоҳ ки Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро ғайри Оллоҳ ба худоӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медоннстӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар зоти Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарини касон ба ғайб ҳастӣ!
Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Оллоҳ — Парвардигори маро ва Парвардигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаашон будам ва чун маро миронидӣ, Ту худ нигаҳбони акидаташон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.
Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро биёмурзӣ, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!»
Худо гуфт: «Ин рӯзест, ки ростгуёнро ростии гуфторашон нафъ диҳад. Аз они онҳост биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Ва ин комёбии бузургест!
Аз они Худ ост фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Ӯ ба ҳар коре тавоност!