Tajik
Surah Al-Ankaboot ( The Spider ) - Aya count 69
Оё мардум мепиндоранд, ки «Имон овардаем». мегӯянду, бе имтиҳону санҷиш гузошта мешаванд?
Албатта мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, озмудем, то Худо касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум дорад ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.
Оё онҳое, ки содиркунандаи гуноҳ мешаванд, пиндоштаанд, ки аз Мо мегурезанд? Чӣ бад ҳукм мекунанд!
Ҳар кас, ки ба дидори Худо ӯ мед медорад, бидонад, ки ваъдаи Худо омаданист ва Ӯ шунавову доност!
Ҳар кӣ чиҳод кунад, ба нафъи худ кардааст, зеро Худо аз ҳамаи ҷаҳониён беэҳтиёҷ аст.
Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, нест мекунем ва беҳтар аз он чӣ амал кардаанд, мукофоташон медиҳем.
Ба одами супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ту чизеро, ки ба он огоҳ нести, шарики Ман қарор диҳӣ, итоъаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо ба корҳое, ки мекардаед, огоҳ мекунам!
Касонеро, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, дар гурӯҳи солеҳон даровардем.
Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо имон овардаем. Ва чун дар роҳи Худо озоре бубинанд, он озорро чун азоби Худо ба шумор меоваранд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту мададе расад, мегӯянд: «Мо низ бо шумо будем». Оё Худо ба он чӣ дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест?
Албатта, Худо медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон.
Кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Ба роҳи мо биёед, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт ва дурӯғ мегӯянд.
Балки бори гуноҳи худ ва борҳое бо бори худ бар гардан хоҳанд гузошт ва дар рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофтаанд, бозхост хоҳанд шуд.
Мо Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Ӯ ҳазор солу панҷоҳ сол кам дар миёни онон бизист. Ва чун мардуме золим буданд, тӯфонашон фурӯ гирифт.
Ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он тӯфонро нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем.
Ва низ Иброҳимро ба паёмбарӣ фиристодем, он гоҳ ки ба мардумаш гуфт: «Худои якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар мардуме доно бошед.
Шумо ғайри Худои якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мепардозед. Онҳое, ки ғайри Худои якто мепарастед, наметавонанд шуморо рузӣ диҳанд. Аз Худои якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва шукр гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед».
Агар шумо такзиб мекунед (дурӯғ мебароред), мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, такзиб мекарданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ғайри таблиғе равшангар чизи дигаре нест.
Оё намебинанд, ки Худо чӣ гуна махлуқро меофаринад ва пас аз нестӣ бозаш мегардонад? Ин кор бар Худо осон аст.
Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Худо мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Зеро Худованд бар ҳар чизе тавоност!
Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва бар ҳар кӣ хоҳад, раҳмат меовард ва ҳам ба назди Ӯ бозгардонида мешавед.
Шумо наметавонед аз Худо бигурезед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ғайри Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»
Ва онон, ки ба оёти Худо ва дидори Ӯ имон надоранд, аз раҳмати ман ноумеданд ва онҳоро азобе дардовар аст.
Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Ӯро бикушад ё бисӯзонед». Ва Худояш аз оташ наҷот дод. Ва дар ин барои мӯъминон ибратҳост.
Гуфт: «Шумо бутонеро ба ҷои Худои якто ба худоӣ гирифтаед то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред.
Лут ба Ӯ имон овард ва гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам муҳоҷират (тарки ватан) мекунам, зеро Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!»
Ва Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва дар фарзандони ӯ паёмбариву китоб ниҳодем. Ва муздашонро дар дунё додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст.
Ва Лутро паёмбарӣ додем. Ба қавми худ гуфт: «Шумо коре зиштро пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст.
Оё бо мардон меомезед ва роҳзанӣ мекунед ва дар махфили худ корҳои нописанд мекунед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби Худоро бар сари мо биёвар!»
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бар мардуми табахкор (расодкор) нусрат деҳ!»
Чун фиристодагони Мо Иброҳимро мужда оварданд, гуфтанд: «Мо мардуми ин деҳаро ҳалок хоҳем кард, ки мардуме золим ҳастанд».
Гуфт: «Лут дар он ҷост». Гуфтанд: «Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар он ҷост. Ӯ ва хонадонашро, ғайри занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем».
Чун фиристодагони Мо назди Лут омаданд, ғамгин шуд ва дар ғами корашон бимонд. Гуфтанд: «Матарс ва ғамгии мабош, туву хонадонатро, ғайри занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.
Мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби фисқе, ки мекунанд, аз осмон азоб нозил мекунем».
Албатта аз он деҳа барои хирадмандон ибрате равшан бар ҷой гузоштем.
Ва бародарашон Шуъайбро ба Мадян фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худоро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед.
Пас такзибаш карданд (дурӯғаш бароварданд) да зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.
Ва Оду Самудро ҳалок кардем. Ва ин аз масканҳояшон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳ боздошт. Ва ҳол он ки мардуме соҳиби ақлу хуш буданд.
Ва низ Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Худо бигурезанд.
Ҳамаро ба гуноҳашон фурӯ гирифтем: бар баъзе бодҳои регбор фиристодем, баъзеро фарёди сахт фурӯ гирифт, баъзеро дар замин фурӯ бурдем, баъзеро ғарқ сохтем. Ва Худо ба онҳо ситам намекард, онҳо худ ба худашон ситам карда буданд.
Мисоли онон, ки ғайри Худоро авлиё гирифтанд, мисли анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ва кош медонистанд, албатта сусттарин хонаҳо хонаи анкабут аст.
Худой якто медрнад, ки чӣ чизҳоро ба ҷои Ӯ ба худои мехонанд ва Ӯст ғолибу ҳаким!
Ин мисолҳоро барои мардум меорем ва онро фақат доноён дармеёбанд.
Худо осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва дар ин ибратест барои мӯъминон!
Ҳар чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намоз бигзор, ки намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва зикри Худо бузургтар аст ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Магар бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо якест ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем».
Ҳамчунон ин китобро бар ту нозил кардем ва аҳли китоб ба он имон меоваранд ва аз инҳо низ касоне ба он имон меоваранд ва ғайри кофирон касе оёти Моро инкор намекунад.
Ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ китобе наменавиштӣ. Агар чунон буд, аҳли ботил ба шак афтода буданд.
Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро ситамкорон инкор мекунанд.
Ва гуфтанд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш оёте бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Оёт дар назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкор ҳастам».
Оё онҳоро кифоя нест, ки бар ту китоб фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоб барои мӯъминон раҳмату панд аст!
Бигӯ: «Худо ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Касоне, ки ба ботил гаравиданд ва ба Худо кофир шуданд, зиёнкоронанд».
Аз ту ба шитоб азобро металабанд. Агар онро замоне муъайян набуд, бар онҳо меомад. Ва ногаҳон ва бе он, ки хабар шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад.
Аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад.
Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пой онҳоро дар бар гирад ва Худо бигӯяд: «Ба хотири амалҳое, ки мекардед, инак азобро бичашед!»
Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардаед, замини ман васеъ аст, пас танҳо Маро бипарастед.
Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва ба сӯи Мо бозгардонида шавед.
Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ғурфаҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест,
онҳо, ки сабр варзиданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили рӯзии худ надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ шунавову доност!
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст?» Хоҳанд гуфт: «Худои якто». Пас аз чӣ сабаб ақида дигаргун мекунанд?
Худо рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё бар ӯ танг мегирад. Зеро Худо ба ҳама чиз доност!
Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замин мурдаро ба он зинда кард?» Хоҳанд гуфт: «Худо якто». Бигӯ; «Шукр Худорост!» Вале бештаринашон дарнамеёбанд!
Зиндагонии ин дунё лаҳву лаъаб (бозӣ) аст. Агар бидонанд, ҷахони охират ҷаҳони зиндагонист.
Чун ба киштӣ нишастанд, Худоро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, ширк оваранд,
то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, куфрон кунанд ва бархурдор шаванд. Ба зуди хоҳанд донист.
Оё надонистаанд, ки ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат гирифта мешаванд? Оё ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?
Пас кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме ки ҳақ ба сӯи ӯ ояд, такзибаш мекунад (дурӯғ мешуморад)? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест?
Касонеро, ки дар роҳи Мо ҷиҳод кунанд, ба роҳҳои худ ҳидояташон мекунем ва Худо бо некӯкорон аст!